Баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравии №5 оид ба “Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

14июни соли 2024 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP) ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба “Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул”-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Ашурализода А. А. – Директори Агентии меҳнат, ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими фаъолияти соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 15 лоиҳаи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ таҳия шуда, дар мувофиқасозии вазорату идораҳо қарор дорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар назди  вазорат 9 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ амал мекунад, ки мақсади асосии ин ҳуҷҷатҳо барои ноил гардидан ба ҳадафи муайянгардидаи стратегии кишвар мебошад.

Қайд карда шуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа  ноил шудан ба ҳадаф, вазифа ва афзалиятҳои пешбинигардидаи Барномаи миёнамулати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соҳаи рушди меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо ҷойи кории доимӣ мебошад.

Хотирасон гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 79223 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 60568 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 34049 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 40900 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 4635 нафар ва ба воситаи ташкили корҳои фардӣ 1193 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 4300 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуда, 11880 нафар тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар марказҳои таълими касбии низоми мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта ва ба 8820 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардидааст. Ҳамин тавр, дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ 106663 нафар шаҳрванд аз хизматрасониҳои давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархӯрдор гардида, иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023 -2027 65,4  фоиз таъмин гардид.

Ҳамзамон Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мадҷон Манучеҳра Мирзоалӣ дар оғози ҷаласа оид ба нақши Шӯро дар амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (БМР 2021-2025) ва Ҳадафҳои рушди устувор ёдовар шуд. Қайд карда шуд, ки Шӯро мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 таъсис дода шудааст. Дар доираи Шӯро Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ  аз рӯи 14 самтҳои муҳими афзалиятноки рушди кишвар фаъолият менамояд, ки мақсади асоси баррасии роҳҳои расидан ба ҳадаф ва вазифваҳои миллии гузошташуда мебошад.

Дар рафти ҷаласа рунамо оид ба “Барномаи ҳамкори байни Шарикони сеҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024”, “Омода намудани кадрҳои баландихтисос ҳамчун омили асосии таъмини шуғли прумаҳсул”, “Роҳҳои расидан ба шуғли пурмаҳсул  бо мақсади ноил гардидан ба ҳадаф ва вазифаҳои муайянгардидаи СМР-2030”, “Нақшаи чорабиниҳои амалисозӣ ва Индикаторҳои асосии мониторинг ва арзёбии БМР 2021-2025”, “Таъсири серҳаракатии қувваи корӣ ба ташаккулёбии шуғли пурмаҳсул” ва “Инъикоси  масъалаҳои шуғли пурмаҳсул дар  Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе” аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби ҳамоҳангсози ШМР қайд гардид, ки Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои 66 нақшаи чорабиниҳо ва 6 индикаторҳои асосии мониторинг ва арзёбии БМР 2021-2025 масъул буда, то давраи татбиқи пурраи барнома барои амалишавии он чораҳои зарурӣ андешад.

Замимаҳо:
Аксҳо: