Баррасии шарҳи фосилавии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ва лоиҳаи мундариҷаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030

   11 апрели соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо Мадҷон Манучеҳра Мирзоалӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ, шарикони рушд ва коршиносони миллӣ мизи мудаввар ҷиҳати муҳокима ва таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 (БМР 2026–2030) баргузор гардид.

Мадҷон М. ҷаласаро оғоз намуда, таъкид кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳияи марҳилаи сеюми Стратегияи миллии рушд – яъне БМР 2026–2030 дар заминаи таҷрибаҳои қаблӣ ва мутобиқ ба воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ ва миллӣ бояд анҷом дода шавад.

Дар идома Мадҷон М. лоиҳаи мундариҷаи БМР 2026–2030-ро муаррифӣ намуд, ки дар он афзалиятҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, навоварӣ, истифодаи илм ва ихтироот дар рушди иқтисодӣ ва таҳкими сармояи инсонӣ ҳамчун меҳварҳои асосӣ муаррифӣ шуданд.

Сипас, Фарида Муминова – коршиноси миллӣ, рӯнамо вобаста ба шарҳи фосилавии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 пешниҳод намуд. Оид ба натиҷаҳои муҳими амалигардида, баҳодиҳии иҷрои нишондиҳандаҳо ва дарсҳои омӯхташуда дар ҷараёни татбиқи барномаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Баъдан, Мадҷон М. дар бораи методологияи таҳияи БМР 2026–2030 маърӯза намуда, тартиби таҳия, самтҳои калидӣ ва равишҳои асосии ворид намудани пешниҳодҳо аз тарафи ҷонибҳои манфиатдорро шарҳ дод.

Қисми муҳими ҷаласа ба муҳокимаи кушод ва мубодилаи афкор бахшида шуд, ки дар он иштирокчиён пешниҳодҳои муфид оид ба беҳтар намудани лоиҳаи мундариҷа баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҳамчун марҳилаи сеюми Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ҳуҷҷати стратегии сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, ҳадафи он таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат бо истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда мебошад.

Дар охир қадамҳои минбаъда вобаста ба такмили лоиҳаи БМР 2026–2030 муайян карда шуданд.Ба иштирокчиён барои иштироки фаъол ва саҳмгузории арзишманд изҳори сипос карда шуд.

Замимаҳо: