24 июни соли 2025 — Имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии №11 дар мавзӯи «Рафти татбиқи чорабиниҳои Барномаи миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар самти ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2025» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Ҷаласа бо суханони ифтитоҳи Роҳбари Гурӯҳи кории №11 Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр, Мадҷон Манучеҳра Мирзоалӣ — Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз ёфт.
Сипас намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш оид ба раванди татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар самти ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим пешниҳод намуданд.
Ҷовид Сафарзода, Сардори раёсати сиёсати давлатӣ ва танзими назорати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммадраҳим Абдуллоев, Муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи«Рафти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар самти ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим» гузориш дода, натиҷаҳои татбиқи Барномаи миёнамуҳлатро муаррифӣ намуданд. Дар гузориш натиҷаҳои чорабиниҳои амалишуда, мушкилот ва дурнамои татбиқи минбаъдаи барнома мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи барномаи ҷаласа Сатторзода Дилшод, сардори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар маърӯзаи худ зарурати таҳияи кадастри миллии газҳои гулхонаӣ ва механизми ҳуқуқиву методологии ташкил ва амалисозии низоми мониторинг ва арзёбӣ дар ин самтро шарҳ дод.
Саидзода Фаридун, муовини сардори раёсати рушди устувор ва мониторинги Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Арзёбии стандарти экологӣ (АСЭ)»,«Беҳтарсозии эконизом ва хизматрасониҳои эконизомавӣ барои деҳот ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»,«Ташкили системаи имкониятҳои рақамӣ», оид ба лоиҳаҳои мазкур маърӯза намуда, аҳамияти таҳияи Стандартҳои нави экологӣ, густариши хизматрасониҳои эконизомӣ дар деҳот ва истифодаи имкониятҳои рақамӣ барои беҳтарсозии фаъолияти ниҳодҳоро таъкид намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа мубодилаи афкор, муҳокима ва саволу ҷавоб баргузор гардид. Иштирокчиён як қатор пешниҳодҳои амалӣ барои беҳтар намудани ҳамкории байниидоравӣ ва механизмҳои татбиқи самтҳои афзалиятноки соҳа ироа намуданд.
Дар анҷом, Мадҷон Манучеҳра Мирзоалӣ, Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо суханони ҷамъбастӣ баромад намуда, вазифаҳо ва самтҳои минбаъдаи фаъолиятро дар ин самтҳо муайян кард.
Ҷаласаи мазкур заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ гардид.
Котиботи Шӯрои миллии рушди
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон