2 декабри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣбаргузор гардид.
Дар ҷаласа раванди се ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ баррасӣ шуд, аз ҷумла:
- Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026;
- Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнуъгоҳи табиии давлатии Дашти Ҷум барои солҳои 2021-2025;
- Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027.
Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ ва муовини Директори МД “Тоҷикфилм” Соҳибзода Муҳаммадкарим рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои зикршуда вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои зикршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мегардад.





