4. Мониторинг ва арзёбии барномаҳо дар системаи маориф ва илм

Ин 4-умин семинар дар силсилаи дуюми семинарҳои мониторинг ва арзёбӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки ин силсила барои эҷоди як формати умумии ҳисоботдиҳии М&А нигаронида шуда буд. Лекцияро 3 нафар шахсони зерин хонданд:

  1. Муминова Фарида — мудири шуъбаи моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон. Доктори илмҳои иқтисод. «Таҳияи ҳисоботи мониторингӣ оид ба татбиқи барномаҳои стратегии рушди соҳаи маориф ва илм».
  2. Қурбонзода Наргис – сармутахассиси Раёсати иқтисод, банақшагирии соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Масъалаҳои асосии ташкили мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушд дар системаи маориф ва илм»
  3. Анушервон Амонзода – сармутахассис оид ба идораи буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Масъалахои калидии ташкили маблаггузории давлатии системаи маориф».

Ин лексияҳо вобаста ба гузориш дар бораи ҷанбаҳои асосии мониторинг ва арзёбии иҷрои барномаҳои стратегии рушд дар соҳаи маориф ва илм хонда шуданд. Хонум Муминова Ф. шаклҳои ҷадвали (лоиҳаи) таҳияшударо барои шакли ягонаи ҳисоботи мониторинг ва арзёбӣ бо истифода аз омори маориф ва илм пешниҳод намуд. Ҷаноби Анушервон дар бораи раванди буҷет ва афзалиятҳои соҳаи маориф ва илм суханронӣ намуд. Тафсилоти бештарро метавонед дар муаррифии муаллима Мӯъминова пайдо кунед (дар замима).

Замимаҳо:
Аксҳо: