-
- Семинари муқаддимавӣ - Вазъияти кунунӣ ва зарурати такмил додани мониторинг ва арзёбӣ
Семинари мазкур, ки 7 июли соли 2022 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ибтидои силсилаи семинарҳо барои Гурӯҳи кории N13 буда, ба ташкили як шакли ягонаи ҳисобот оид ба мониторинг ва арзёбӣ барои тамоми мақомоти давлатӣ. Ин семинар ҳамчун ҷаласаи ибтидоӣ барои 6 семинари оянда баргузор шуд. Лекцияхо ба таври зерин шунида шуданд:
- Мӯҳтарама Муминова Ф.М. (мудири шуъбаи моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи АИ Тоҷикистон. Номзади илмҳои иқтисодӣ); "Интиқоли ҷанбаҳои методологии мониторинги татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои рушд"
- Мӯҳтарама Мадҷон М.М. (Сардори Раёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдо. Номзади илмҳои иқтисодӣ); «Вазъи воқеии раванди мониторинг ва арзёбӣ оид ба татбиқи барномаҳои стратегӣ ва рушд».
- Мӯҳтарам Хироши Ниино (коршиноси JICA барои ШМР). Намунаи ҷопонии шаклҳои умумии ҳисоботи пеш аз баҳодиҳӣ ва пас аз баҳодиҳӣ пешниҳод карда шудааст.
Муҳокима доир ба силсилаи нави семинарҳо ва корҳои амалии ГК №13, принсипҳо ва ҷанбаҳои асосии мониторинг ва арзёбӣ дар СМР ва Барномаи рушди миёнамуҳлат, инчунин пешниҳодҳо оид ба ташкили шакли ягонаи ҳисоботи мониторинг ва арзёбӣ сурат гирифт.