Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии №2 “Раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 октябри соли 2024 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP) ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ҷорӣ намудани Низоми зеҳнии нақлиётӣ ва Тартиби ташаккулёбӣ ва истифодаи фонди роҳ дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Ҷаласаро Бобозода Раҳим Бозор - Муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ барои аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба Раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ масъалагузорӣ намуд, сипас Мадҷон М. - Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши Шӯро дар амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (БМР 2021-2025) ва Ҳадафҳои рушди устувор маълумот пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки Шӯро мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба Рӯзномаи 2030 таъсис дода шудааст. Дар доираи Шӯро Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ аз рӯи 14 ҳадафу афзалиятҳои стратегии рушди кишвар фаъолият менамоянд, ки мақсади асоси онҳо баррасии роҳҳои расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои миллии гузошташуда мебошад.

Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба Раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Ёқубзода Суҳроб – Директори КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” вобаста ба муаррифии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” рӯнамо пешкаш гарид, қайд карда шуд рақаммкунонӣ дар бахши нақлиет ба туфайли технологияҳо, аз қабили таҳлили пешгӯишаванда ва автоматизатсия, ки мониторинги воқеӣ ва оптимизатсияи логистикаро имкон медиҳанд, самаранокии амалиет ва таҷрибаи муштариенро баланд мебардоранд. Барои рушди иқтисодиёти мамлакат, ин тағирот имкониятҳоро барои беҳтар кардани ниизоми нақлиёти ҷамъиятӣ, такмил додани идоракунии инфрасохтор ва пешбурди ташаббусҳои устуворӣ, ки дар ниҳоят ба беҳтар кардани хизматрасонӣ ва кам кардани таъсири муҳити зист оварда мерасонад.

Аз ҷониби иштирокчиён муҳокимарониҳои пурмуҳтаво атрофи масъалаи мазкур сурат гирифт. Вобаста ба роҳандозии технологияҳои иттилоотӣ, бунёди марказҳои логистикӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои молиявӣ барои татбиқи рақамикунонии соҳаи нақлиёт суханронӣ гардиданд.

Дар раванди ҷаласа аз ҷониби Ниёзов Салим – машваратчии маҳаллӣ дар мавзуи “Тартиби ташаккулёбӣ ва истифодаи Фонди Роҳи назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯнамо пешкаши аъзои гуруҳи корӣ гардид, ки мақсади асосии таъсиси фонди роҳ ин Таъмини иҷрои уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод (долонҳои 2, 3 ва 5 Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ) ва банди 18 Нақшаи амалигардонии чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №706 “Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби мушовири миллии Барномаи Рушди СММ - Одинаев О. М. Муаррифии “Арзёбии сиёсати иқтисодӣ ҷиҳати беҳтар намудани идоракунӣ” рунамо пешкаши иштирокчиёни ҷаласа гардид.

Дар анҷоми ҷаласа ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушд аз аъзои гурӯҳи корӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои дар БМР 2021-2025, СМР-2030 ва  ҲРУ даъват ба амал оварданд.

Замимаҳо: