31 октябри соли 2024 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP) ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҷаласаро Муовини вазири энеретика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон - Худобахш Ш. О. оғоз намуда, вобаста ба фаъолияти Гуруҳи корӣ сухронӣ намуд, инчунин Мадҷон М. - Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши Шӯро дар амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (БМР 2021-2025) ва Ҳадафҳои рушди устувор маълумот пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки Шӯро мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба Рӯзномаи 2030 таъсис дода шудааст. Дар доираи Шӯро Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ аз рӯи 14 ҳадафу афзалиятҳои стратегии рушди кишвар фаъолият менамоянд, ки мақсади асоси онҳо баррасии роҳҳои расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои миллии гузошташуда мебошад.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Хайруллозода Қурбоналӣ - Сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика вобаста ба муаррифии «Манбаъҳои барқароршавандаи энергия-энергияи тамомнашаванда» рӯнамо пешниҳод гардид, қайд кард шуд ки мақсади асоси Барнома ин Самаранок истифода намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, Беҳтар намудани сифати таъминоти неруи барқ ва гармии деҳаҳои дурдаст, баландкӯҳ ва минтақаҳои аз ҳисоби эътимоднокии барқтаъминкунии мутамарказ осебпазир, Зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолии энергетикии кишвар аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, Беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳ, Рушди соҳаҳои муҳим ииқтисодиёти минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ, Ҳифзи муҳити зист ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонагӣ ба фазо, Рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ, Зиёд намудани саҳми минтақаҳои дурдаст дар амнияти озуқавории кишвар аз ҳисоби бунёд гардидани корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ дар ин минтақаҳо, Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, Баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ, Пайгирии доимии равандҳои нави технологӣ дар самти азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳкими алоқаи илм боистеҳсолот, Мусоидат намудан ҷиҳати коҳиш додани вобастагии низоми энергетики кишвар аз фаъолияти неругоҳҳои барқи обии миёна ва калон, Саҳмгузорӣ дар амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид муайян карда шудаанд, Саҳмгузорӣ дар амалисозии равандҳои умумиҷаҳонӣ, алалхусус, тағйирёбии иқлим ва ғайраҳо тавсеаи корҳои омӯзишию тадқиқотӣ дар самти азхудкунии захираҳои энергетикӣ, навсозии технология ва таъмини истифодаи васеи он дар дастгоҳҳои тавлидкунандаи энергияи барқ ва иншоотҳои энергетикӣ ва Баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони техники соҳаи энергетика ба ҳисоб меравад.
Дар раванди ҷаласа аз ҷониби Абдуразоқзода Далер - Сардори сарраёсати сиёсати энергетики, ва рушди илму техникаи Вазорати энергетика вобаста ба Низоми электроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешкаш гардид. Маълумот дода шуд, ки Низоми электроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун системаи ягона фаъолият намуда, дар чор минтақаи кишвар, тибқи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ Суғд (Шимол), Хатлон (Ҷануб), шаҳри Душанбе бо ноҳияҳои наздики он ва ноҳияҳои тобеи марказ пайваст аст. Бахши электроэнергия аз ҷониби 3 ҶСК БТ, ШИБ ва ШТБ, ки саҳмияҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, идора карда мешавад.
Инчунин аз ҷониби мушовири милли Барномаи рушди СММ – Одинаев О. М. Рӯнамо дар мавзуи “Арзёбии сиёсати иқтисодӣ ҷиҳати беҳтар намудани идоракунӣ” рӯнамо пешкаши аъзои гуруҳи корӣ гардид.
Дар анҷоми ҷаласа ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушд аз аъзои гурӯҳи корӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои дар БМР 2021-2025, СМР-2030 ва ҲРУ даъват ба амал оварданд.