Санаи 25 июни соли 2024 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Тандурустӣ»-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҷаласаро Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Г.М. ва Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Манучеҳра Мадҷон кушода, роҷеъ ба масъалаҳои тандурустӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 суханронӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маърӯза вобаста ба иҷрои индикаторҳои мақсадноки Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 пешкаш гардида, изҳор гарид, ки аксари индикаторҳои пешбинигардида дар сатҳи баланд таъмин гардидаанд.
Аммо новобаста аз ин барои пешрафти соҳаи тандурустӣ як қатор мушкилиҳо мавҷуд мебошад, аз ҷумла омода намудани мутахассисони соҳаи тиб, таъмин намудани аҳолии деҳот бо духтурон, коҳиш додани сарбории духтурони деҳот ва механизми дастгирии кормандони соҳаи тиб. Бо инобати сатҳи иҷрои индикаторҳои барнома ва масъалаҳои мубрами рӯз пешбинӣ намудани роҳи ҳалли он дар барномаи минбаъда мувофиқи мақсад шуморида шуд.