17 майи соли 2024 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Тандурустӣ»-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҷаласаро Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода А. А. ва Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Манучеҳра Мадҷон кушода, роҷеъ ба масъалаҳои тандурустӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 суханронӣ намуданд.
Қайд карданд, ки рафти иҷрои Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 як қатор вазифа ва чорабиниҳо татбиқ гардидаанд.
Дар раванди ҷаласа Директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил Нуров Рустам оид ба мониторинги «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» рӯнамо пешкаши аъзои гуруҳи корӣ намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён муҳокимарониҳои пурмуҳтаво сурат гирифт.
Аз ҷониби намояндаи Ташкилоти Умумҷиҳонии Тандурустӣ Маҳмудова Парвина «оид ба Нақшаи амалиёт оид ба СИЛ дар минтақаи Аврупоии СУТ барои солҳои 2023-2030» рӯнамо пешниҳод гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби Коршиноси миллӣ Муминова Фарида дар мавзуъи «Инъикоси масъалаҳои тандурустӣ дар шарҳи Ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе» рӯнамо пешниҳоди иштирокчиёни ҷаласа пешниҳод гардид.
Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва меъёрии соҳаи тандурустӣ, мустаҳкам намудани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ, таъмини дастрасӣ ва сифати доруворӣ, татбиқи моделҳои тарзи ҳаёти солим, пурзур намудани мубориза бар зидди бемориҳои сил ва гепатитҳои вирусӣ, вируси нави COVID-19 ва баланд намудани фарогирии ҳамаи шаҳрвандон ба муоинаи тиббии профилактикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар робита ба таъмини дастрасӣ, татбиқи моделҳои тарзи ҳаёти солим, баланд намудани фарогирии ҳамаи шаҳрвандон ба муоинаи тиббии профилактикӣ як қаторҳои корҳои амалиро иҷро намудаанд, ки метавонад ба пешравии соҳа мусоидат намояд.
Инчунин қайд карда шуд, ки баланд бардоштани фарҳанги тиббии шаҳрвандон, солимии ҷомеа фаъолияти якҷояи ниҳодҳои давлатӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.