Баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба “саноаткунони босуръати кишвар ва диверсификитсияи содирот” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP) ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба “саноаткунони босуръати кишвар ва диверсификитсияи содирот”-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар ҷаласаи аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба саноаткунони босуръати кишвар ва диверсификитсияи содирот, намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Бобокалонзод Қурбон Хол – мушовири Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, вобаста ба саҳми  соҳаи саноат, ки яке аз соҳаи асосии рушди устувори иқтисодӣ ва заминаи асосӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар дар марҳилаи миёнамуҳлати рушд таъсири ҳалкунанда дорад суханронӣ намуд.

Ҳамзамон Мушовири Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози ҷаласа оид ба нақши Шӯро дар амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (БМР 2021-2025) ва Ҳадафҳои рушди устувор ёдовар шуд. Қайд карда шуд, ки Шӯро мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 таъсис дода шудааст. Дар доираи Шӯро Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ  аз рӯи 14 самтҳои муҳими афзалиятноки рушди кишвар фаъолият менамояд, ки мақсади асоси баррасии роҳҳои расидан ба ҳадаф ва вазифваҳои миллии гузошташуда мебошад.

Қайд гардид, ки бо мақсади гузариши иқтисодиёти кишвар аз модели аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ бо назардошти аҳамияти бахши саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва стратегии кишвар эълон гардид. Ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ташаккул додани саноати миллии рушдёфта ва рақобатпазир ва дар асоси он ба сатҳи сифатан  баланд бардоштани тамоми иқтисоди миллӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳадафи қабулгардида барои коҳиш додани вобастагии кишвар аз воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини соҳаҳои гуногун бо таҷҳизоти муосир, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ ва таъмини гуногунсамтии истеҳсолоти ватанӣ нақши ҳалкунанда дорад.

Бо изҳори қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 16,9 миллиард сомонии соли 2015 то ба 46,8 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, ки афзоиши он қариб 3 маротиба зиёд мебошад. Ҳамзамон  ҳиссаи соҳаи саноат дар сохтори ММД аз 12,3 фоизи соли 2015 то ба 16,2 фоиз дар соли 2023 афзоиш ёфт.  Инчунин қайд карда шуд, ки дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 3453 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 1454 (1999) адад зиёд мебошад.

Дар рафти ҷаласа рунамо оид ба Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, Нақшаи чорабиниҳои амалисозӣ ва Индикаторҳои асосии мониторинг ва арзёбии БМР 2021-2025 ва арзёбии масъалаҳои саноатикунони босуръати кишвар ва диверсификитсияи содирот дар  Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе муарифӣ гардида,  мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт. Дар рафти ҷаласа хотирасон карда шуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои 36 нақшаи чорабиниҳо ва 22 индикаторҳои асосии мониторинг ва арзёбии БМР 2021-2025 масъул буда, зарур аст, ки ҳамкориро бо тамоми ҷонибҳои дахлдор густариш дода, ҷиҳати таъмини иҷрои самаранок ва саривақтии онҳо чораҳои амалӣ андешанд.

             Дар анҷоми ҷаласа мушовири Вазири саноат ва технологияҳои нав ва Мушовири Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои гурӯҳи кориро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои дар БМР 2021-2025, СМР-2030 ва  ҲРУ даъват ба амал оварданд.

Замимаҳо: