Ҷаласаро Роҳбари Гуруҳи корӣ, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Шодихон Ҷамшед ва Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Манучеҳра Мадҷон кушода, роҷеъ ба мавзӯи ҷаласа, аз ҷумла пайгирии раванди татбиқи индикаторҳои мақсадноки Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва зарурияти таҷдиди назари онҳо дар лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати минбаъда суханронӣ намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба сатҳ ва сифати иҷрои чорабиниҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қайд намуд, ки дар маҷмуъ аз 5 индикатори пешбинишуда оид ба ҳифзи иҷтимоӣ иҷрои 4 индикатор таъмин гардидааст.
Вобаста ба афзоиши ҳаққи нафақа ва пардохтпулиҳо, коэффициенти ивазкунӣ, пардохтҳои суроғавии иҷтимоӣ, рақамикунонии низоми нафақа, омода намудани мутахассисони иҷтимоӣ,фарогирии шахсони осебпазир дар доираи барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, таъмин намудани гуруҳҳои ҳадафнок бо шуғл аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода шудаанд.
Дар муҳокимаҳо иштирокчиён ва аъзои гуруҳи корӣ, аз ҷумла роҳбари Кумитаи паралимпӣ Бобошарипов П., роҳбари асоссиатсияи занҳои маъюб Ҳакимзода С., намояндаи Бонки Осиёии Рушд Ҳайдаров А. ва дигарони ширкат варзида ҷиҳати инобат гирифтани эҳтиёҷоти шахсони дорои маъюбият ҳангоми сохтмони иншооту биноҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, пешниҳоди таҷҳизоти махсус ва аробаҷаҳо барои ҳаракати маъюбон дар шаҳр, мутобиқ намудани андозаи нафақаи маъюбон бо назардошти вазъи бозор, ҷалби ҷонбиҳои манфиатдор ба раванди шарҳи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ба инобат гирифтани индикаторҳои барномаҳои нави қабулшуда дар самти ҳифзи иҷтимоӣ дар лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати нав ва атрофи дигар масъалаҳои мавзӯъ пешниҳоду таклифҳо манзур намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба рузномаи ҷаласа, масъалаҳову пешниҳодҳои баёншуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.