24 декабри соли 2024 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гендериро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҷаласаро Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушд кушода, роҷеъ ба фаъолияти гуруҳи кории байниидоравӣ ва масъалаҳои баробарии гендерӣ суханрони намуданд.
Қайд карданд, ки дар давоми солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист ба беҳбудуии вазъи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд. Дар идомаи иқдом аз ҷониби Президенти кишвар як қатор санадҳое ба тасвиб расидаанд, ки аз таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат ба занони кишвар дарак медиҳад. Таҳия ва интишори силсилаи Консепсия, Стратегияҳо, Барномаҳои давлатӣ ва Нақшаҳои миллӣ оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа кафили баробар ҳуқуқии ва рушди занони кишвар гаштанд.
Дар рафти ҷаласа муарифномаҳо аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оила Шарипов Обидҷон оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бартарафсозии қолабҳои гендерӣ, аз ҷониби Исломзода Боғигул Сардори шуъбаи ташкилӣ оид ба барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 аз ҷониби Акобирова Ҷавоҳир Сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ оид ба иҷрои барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ба ҳозирин пешниҳод гардида, байни аъзои гурӯҳи кори муҳокимаи пурмуҳтаво сурат гирифт.
Дар ҷаласа масъалаҳои вазъи воқеии мушкилоти ҷойдоштаи иҷтимоӣ, қолабҳои шахшудаи хурофотӣ дар маҳал, сабабу омилҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, ҷалби духтарони болаёқат ба зинаи сеюми таҳсилот, ба таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ҳамчунин омода намудани занону духтарони донишманду боистеъдод ҷиҳати пешбарӣ ба хизмати давлатӣ, вазифаҳои роҳбарикунанда, ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, дониш ва зиракии сиёсии занону духтарон, инчунин таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳангоми фаъолият дар идораҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Яке аз масъалаҳои муҳими баррасишаванда дар ҷаласа байни аъзои гурӯҳи кории байнидоравӣ ин пешгирии зӯроварӣ дар муҳити оила, муаррифии Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зурорварии Кумита, инчунин телефонии боварии 1313 ва корбарии якҷояи тамоми ниҳодҳо вобаста ба пешгирии зуроварӣ нисбати аъзои оила дар маҳал мавриди муҳокима қарор гирифт.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед