6 декабри соли 2024 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Шӯрои миллии рушд назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбати гузаронида шуд.
Дар семинари омӯзишӣ намояндагони, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар гурӯҳи кории байниидоравӣ шомиланд иштирок доштанд.
Дар рафти семинар аз ҷониби кормандон ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар мавзӯи раванди татбиқи БМР 2021-2025 дар самти ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим, таҳияи “Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” - Коршиноси БРСММ Манзура Бахтдавлатова, Стратегияи молиявии Нақшаи миллии мутобиқат ба тағйирёбии иқлим- Коршиноси байналмиллӣ Александр Бизарро, Консепсияи омодагии Нақшаи миллии мутобиқат ба тағйирёбии иқлим - Коршиноси байналмиллалӣ Йан Риджмпа рӯнамоҳо пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа методологияи муайян кардани мушкилоти афзалиятноки бахшҳо, механизмҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намуданд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон
Тел:987273734