Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 25 майи соли 2025 дар Осоишгоҳи Шоҳамбари семинари коршиносон (ретрит) баргузор намуд. Чорабинии мазкур ба ҳамгироии қисмҳои Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, таҳияи матритсаи амал ва низоми нишондиҳандаҳо ҷиҳати мониторинг ва арзёбии иҷрои барнома бахшида шуд. Дар кори семинар 40 нафар мутахассисон, аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд (СММ, ЮНИСЕФ), созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аъзои гурӯҳҳои кории байниидоравӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳияи сохтори ягона ва мантиқии Барномаи миллии рушд, муайянсозии индикаторҳо барои мониторинг ва арзёбӣ, инчунин таҳияи тасвири визуалии барнома дар асоси назарияи тағйирот (Theory of Change) буд.
Семинар дар се рӯз бо мавзӯъҳои зер баргузор гардид:
Рӯзи аввал: ба таҳлили бобҳои барнома, ташаккули дарахти ҳадафҳо ва тарҳрезии чаҳорчӯби мантиқӣ бахшида шуд;
Рӯзи дуюм: ба муайянсозии афзалиятҳои миллӣ, таҳияи лоиҳаи низоми нишондиҳандаҳо ва таҳлили робитаи байни қисмҳои барнома равона гардид;
Рӯзи сеюм: ба ҳамгироии ниҳоии қисмҳои барнома, таҳияи матритсаи амал ва муайянсозии нишондиҳандаҳо бахшида шуд.
Дар натиҷаи семинар, иштирокчиён:
сохтори ягонаи Барномаи миллии рушдро шакл доданд;
лоиҳаи матритсаи амал ва низоми нишондиҳандаҳои барнома барои солҳои 2026–2030-ро таҳия намуданд;
намунаи визуалии дарахти ҳадафҳоро, ки робитаи мантиқии воридшавандаҳо (inputs), фаъолиятҳо (activities), натиҷаҳо (outputs), таъсир (outcomes) ва натиҷаи ниҳоӣ (impact)-ро инъикос мекунад, таҳия карданд.