1 августи соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Бозӣ Камолиддин - Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ тибқи Нақшаи кории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша ҳолати иҷрои арзёбии се барномаи соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2021, №568 (масъул Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ)
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, №532 (масъул Вазорати нақлиёт)
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи миёнамӯҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2019, №537 (масъул Хадамоти гумрук)
Оид ба рафти иҷрои «Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби Кубиддинов Азмиддин Файзуллоевич - муовини директори Маркази Илмии ҷумҳуриявии хуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028»Қодирзода Сайфулло — Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба «Барномаи миёнамӯҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024»Муродиён Абдумумин – Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти Гумрук рӯнамо пешниҳод карда, баромад намуданд.
Аъзёни гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои барномаҳо муҳокимаронӣ намуда, саҳми худро дар иҷрои бандҳои дахлдор иброз намуданд.
Аз натиҷаи гузоришҳо маълум гардид, ки ҳисоботҳо тибқи талаботи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ омода намуда шудааст, вале дар он фоизи иҷрои барномаҳо аз рӯи сарчашмаи маблағгузорӣ ва аз рӯи лоиҳаҳо пешниҳод нагардидааст.
Аз ҷониби Бозӣ Камолиддин - Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ пешниҳод гардид, ки ҳисобот бо назардошти ҷадвали пешниҳод намудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба “Мониторинги иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ” такмил ва пешниҳод карда шавад.