Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ

26 июни соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси Гуруҳи корӣ – Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони вазорату идораҳои аъзои он ва намояндагони дигар ҷонибҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар ҷаласа раванди иҷрои 8 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба ҳолати иҷрои онҳо аз ҷониби вазоратҳои маориф ва илм, молия, кишоварзӣ, нақлиёт, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ва рӯнамоҳо пешниҳод гардид.

Дар ҷаласа иҷрои барномаҳои рушди соҳавӣ аз рӯи лоиҳаҳои банақшагирифта, сарчашмаҳои маблағгузорӣ, нишондиҳандаҳои соҳавӣ ва мушкилоти бавуҷудомада дар раванди татбиқшавии онҳо баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба такмил додани супоришҳои пешниҳодгардида ва нишондиҳандаҳои он қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Замимаҳо:
Аксҳо: